БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯГОН ВАҶАБ ЗАМИНИ ЗАРХЕЗАМОНРО БЕКОР НАМЕМОНЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинону кишоварзони деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Чубек чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҳимҷон Шарипов оид ба самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ бо сокинон суҳбат намуда, қайд кард, ки кишоварзони мо бояд аз заминҳои вобастагардида на камтар аз се - чор ҳосил ба даст оранд.

Сипас, ба сокинон муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg