ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун ва “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” хониши сиёсӣ атрофи самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, ҳаракати аъзои ҲХДТ ва дигар масъалаҳои дохили ҳизбӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, масъулин дар рафти суҳбат атрофи чорабиниҳои пешгирикунанда ба муқобили бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, сокинонро барои риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зист ва истифодаи самараноки замин раҳнамоӣ карданд.