КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” ва “даст ба даст” доир ба масъалаи пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.
Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ қайд карда шуд, ки коронавирус, ҳамчун бемории сироятӣ дар тамоми сайёра шинохта шудааст. Аз ин рӯ, дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус риояи гигенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида аз ҷониби мутахассисон боиси солимии аҳли ҷомеаи мо хоҳад буд. Ҳамчунин, ҳангоми баргузории Аксияи хизбӣ таъкид гардид, ки хушбахтона дар кишвари мо сироятёбӣ ба ин беморӣ коҳиш ёфтааст ва аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, баҳри ҳифзи саломатии худу ҷамъият гигиенаи шахсии худро риоя намоянд.