БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД БАРОИ МО АЗИЗ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Садриддин Айнӣ оид ба самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Бояд қайд намуд, ки деҳқонони заҳматкаши ноҳияи Қубодиёни бостонӣ аз қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии худ ҳосили якум, аз қабили картошкаву пиёз ва қулфинай барин маҳсулотҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба  кишти такрорӣ машғул гардидаанд.  Дар баробари ин бо шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg