ДАНҒАРА. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар маҳаллаи ба номи Кароматулло Қурбонови ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Тоҷикистон-ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал“Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ва Соли рушди сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Азизова Хосият вохӯрӣ баргузор шуд.
Мақсади асосӣ ҷалби васеи мардум ба амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба беҳбудии рӯзгори сокинон ва рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон равона гардидааст, арзёбӣ карда шуд.
Мавсуф дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.
Инчунин, дар охир бо дастгириҳои сокинон дар маҳалаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.