БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОФОТ ҲАР АМАЛЕРО, КИ АҚЛ ВА МАНТИҚ ҚАБУЛ НАДОРАД, ОНРО ҶОМЕА НАМЕПАЗИРАД

АНДЕША. Ҷомеаи башариро таи даҳсолаҳост, ки баробари задухурдҳои абарқудратҳо барои фарохтар кардани мавзеъҳои зери тасарруфашон гардида, ҳамвора мавҷи ақоиду амалҳои ифротгаронаи дар чодари афкори дин печида фаро гирифтааст. Дар ин росто ҷангҳои сарди иттилоотӣ тавассути шабакаҳои радиоиву телевизионӣ то чанд авҷ гирифта, ҳар кадом ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ  барои ҳифзи манфиатҳои хеш аз тамоми роҳу василаҳо истифода мекунанд.

Ақли солим дар заминаи омӯзиш ва дастуру китобҳои арзишманди мутафаккирони олами ислом сидқан ҷавҳари дини мубини исломро дарк карда, комилан аён аст, ки ҳама динҳои олам, хоса дини ислом нахуст эътиқоди сидқ аст ва он барои инсонҳои эътиқодманд олитарин арзиш ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки аксари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо истифода аз манфиатҳои динӣ ба амалҳои террористиву ифротгароӣ даст мезананд, ки боиси куштори ҳазорон ҷавонону хонавайрониву гурезагии миллионҳо одамони сайёра гардидааст. Ҷангҳои кишварҳои Ироқу Сурия, Яману Афғонистон ва дигар мамлакатҳои ҷангзада собити он аст, ки маҳз даҳшатфикании ба сари мардум омада ҳаракату ташкилотҳои бо ном динӣ ҳастанд.

Мардуми эътиқод бадиндошта бо эҳсосоти беш ҳар он чӣ аз номи дин иброзшударо ба зудӣ қабул мекунанд. Ин нуктаро дастак карда, машинаҳои зудамали тарғиботии ташкилотҳои динӣ вожаҳои “ислом”, “ҷиҳод”, “шаҳид”, “кофар” ва амсоли инро нодуруст шарҳу тавзеҳ дода, бо хурофотҳои динӣ мардумро ба роҳгумӣ меандозанд, онҳоро аз асли тозагиву ҷавҳари инсондӯстонаи дин дур карда, дар ақидаву тафаккури ҷавонон ниятҳои хатарзоро эҷод мекунанд. Ва бадбахтона марказҳои таблиғотӣ чанд соли охир мақсадҳои муғризонаи худро амалӣ карда, мусулмононро бо ҳам ба оташи ҷанг андохтанд ва бо ин кирдорҳои манфур ба ҷаҳони ислом иснод оварданд. Ақидаҳои хурофотӣ инсонро аз ташаккули маънавӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияи муосири компютерӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди ҷаҳонбинии солим, расидан ба кашфиётҳои нодири техникӣ ва муҳайё кардани зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда боз медорад. Хурофот, ки аслан ба ақли солим ва мантиқи воқеии зиндагӣ мувофиқ нест, садди роҳи инкишофи маънавию техникии аҳли ҷомеа мегардад.  Ақидаҳои хурофотӣ, ки на ба чорчӯбаи қонунҳои исломӣ ва на ба воқеияти зиндагӣ меғунҷанд, танҳо инсонро ба роҳҳои каҷ бурда, ҳисси ноумедиҳо ба зиндагии воқеиро дар замири одам ҷо мекунад, эҳтирому дӯстдориҳоро рахна мезанад, завқи насли ҷавонро ба омӯзиши дастовардҳои зеҳнии ҷаҳонӣ кам карда, онҳоро ба “чоҳ”-и амалҳои кӯркӯронаи бемақсуди  хатарнок барои ҷомеа меандозад.

Ин ҳам албатта, ба имрӯзу ояндаи ҷомеа таъсиргузор аст. Муҳимтарин василаи пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб рушди корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳист, ки ин масъулият ба дӯши  оила, мактаб, коргоҳ ва муҳити ҷомеа вогузор аст. Вусъат бахшидан ба раванди тарбияи худшниносиву ояндасозии миллӣ дар доираи як консепсияи мукаммали рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бақои давлату давлатдорӣ бошад. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик ин роҳи яқинан дурусту ба мақсуди ояндасози Ватан расиданро муайян сохта, аз ҳар фарди ҷомеа тақозо дорад, ки бо формулаи ягонаи “Ваҳдати миллӣ, сидқан дӯст доштани Ватан ва бунёдкориву созандагиҳои барои ояндаи накӯтари Ватан” кору зиндагӣ намоем.

Зуҳуроти ақидаву амалҳои хурофотӣ хусусан ба наврасону ҷавонон зуд таъсиркунанда аст. Аз ин рӯ дар ин айёми камолот оила ва мактаб бештар масъулияти тарбиянамоӣ доранд. Ҳатто ибрати намунавии худи волидайн низ метавонад манфиатовар бошад. Зеро кӯдакону наврасон, ки одати пайравӣ ё тақлид доранд аз ҳар амали калонсолон меомӯзанду аз рӯи он амал мекунанд. Дар ин ҳолат як амали ношоистаи хурофотпарастиёна ба майнаи сари кӯдакон нишаста, то дер дигар аз он рӯфта намешавад. Ва оқибати нохуш дар пай дорад ва ба атроф низ сироят мекунад. Нақши мактаб боз ҳам дар бобати қиёс кардани рафтору гуфтори хурофотӣ калонтар аст. Омӯзгорон, ки шогирдон ба ҳарфу амали онҳо бештар боварӣ доранд, бояд дар навбати аввал худ аз чигунагии хурофот воқиф бошанд ва зарару зиёни амалҳои хурофотпарастиро барои ояндаи худи шогирдон бо далелу мисолҳои амиқ ҳарф зананд ва шогирдон  ба ҳақиқати воқеии гуфтори онҳо бовар кунанд. Гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои  “Аз хурофот эҳтиёт шавед”, “Хурофот ва зиёни он”, “Решаҳои хурофот аз куҷо сарчашма мегирад” ва амсоли он низ бо ширкати васеи хонандагон ва саволу ҷавобҳои тарафайн муфид аст. Он гоҳ ба ояндаи ҷомеа, ки насли имрӯза созандаи он аст, умед бастан мумкин мебошад.

Зиндагии имрӯза ба хотири бунёди ояндаи накӯ ба насли инсон мебошад. Аз ин рӯ тозакориҳо дар олами маънавии аҳли ҷомеа аз ҳама ақидаҳои номатлуби хурофотӣ ба нафъи мардум ва бунёди ҷомеаи ҳақиқатан солим хеле зарур буда, рисолати инсониву шаҳрвандии кулли мардуми солимфикру бомаърифат ба ҳисоб меравад.

Рустам Солеҳов, узви ҲХДТ, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg