БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷоннок намудани корҳои оммафаҳмонӣ дар мубориза бо коронавирус гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Ҳаёти нав бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни баргузории суҳбатҳо намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо оби гарм ва собун дар як рӯз чанд маротиба, истеъмол намудани ғизои солим, истифодаи маҳлулҳои спиртдор, дурӣ ҷустан аз ҳайвонот ва ғайра маълумот дода, таъкид намуданд, ки дар давраи барои кишвар хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромиию Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум бовар доштанд ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, муттаҳид бошем. Фақат бо ҳамин роҳ ва кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқ — ворисони Абӯалӣ ибни Сино метавонем аз вабои аср наҷот ёбем.
Ҳамзамон, гурӯҳи тарғиботӣ тибқи супориши раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба сокинон зиёда аз 400 адад маводҳои тарғиботӣ ва 200 дона ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карданд.