БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛ АЗ ҲОЛУ АҲВОЛИ ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ХУД БОХАБАР АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус аёдати беморон, шахсони яккаву танҳо, пирони рӯзгордида ва дигар оилаҳои ниёзманд амалест хайру савоб.

Боиси қаноатмандист, ки дар асоси сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презизденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг ин рисолати вакилӣ ва инсонии худро иҷро намуда, ҳар сари чанд вақт аз ҳолу аҳволи ин табақаи аҳолӣ хабар гирифта, бо расонидани кумакҳои хайриявӣ ва сухани руҳбахш онҳоро ба ҳаёт ва зиндагӣ дилгарм менамоянд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 20 Аҳрорзода Гулбарг Шариф ин рисолатро мунтазам  бо як қаноатмандӣ иҷро намуда, дар вақтҳои холӣ аз фаъолияти меҳнатӣ дар ҳавзаи интихоботие, ки сокинонаш ӯро бовар кард,а намояндаи худ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб намудаанд, рафта,  дар баробари расонидан қисман ёрӣ онҳоро ба ояндаи нек ва ҳаёти хушбахтона  дилгарм месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg