БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём амалисозандаи мақсаду мароми халқ аст

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2-и ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо  омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ   вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Сунатуллоева Мавзуна иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Инчунин, зимни суханронӣ  мавсуф  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки барои беҳбудии зиндагии осудаи мардум ва  рушду тараққиёти  Тоҷикистон равона гардидааст, аз ҷумла атрофи пешгирии терроризму экстремизм, амалҳои коррупсионӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва муборизаи муташаккилон бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, аз муоинаи тиббӣ гузаштани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд суханронӣ намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg