БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМУС ШАРАФ АСТ, ШАХСИ БАНОМУС ПУРШАРАФ

ВОКУНИШ. Баъди мутолиаи мақолаи бо номи  «ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС»,  ки аз ҷониби коршиносони масоили сиёсӣ Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сомонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи чоп омадааст, бо афсӯсҳои зиёд қалам бар даст гирифтаму хостам дар васфи нангу номус ва шарафу шарафёб гардидани инсоният чизе гуфта бошам.

Инсони бошараф ва бонангу номус шахсест, ки ҳатто аз нуги забонаш касе озор намебинад, баръакс ҳамқадами замон асту дарди инсоният, башарият ва аз ҳама муҳим Ватанро дарди хеш мешуморад. Ба қавле:

 

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД,

КИ ДАР ОФАРИНИШ ЗИ ЯК ГАВҲАРАНД.

ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РӮЗГОР,

ДИГАР УЗВҲОРО НАМОНАД ҚАРОР.

Рӯзгор имрӯз кулли узвҳои инсониро  ба дард овардааст. Дарди ҷаҳонгир, дарди ҷонкоҳ, дарди бедавову  беҳудуд. Дарде, ки олами сайёраро фаро гирифтаву раҳме ба ҷони инсоният надорад. Раҳме ба пиру ҷавон ва зану кӯдак надорад. Ин дард ҷаҳонгир гаштааст бо номи коронавирус ва ё СОVID -19. Имрӯзҳо башарият танҳо як орзу ва як ният доранд, халосӣ аз ин вабо ва баргаштан ба рӯзҳои муқаррарӣ. Хосса мусалмонони ҷаҳон, исломшиносону худобохабарон ва бовиҷдонону шахсони бонангу номус рӯзу шаб ба даргоҳи Худованди бузург дуои раҳоӣ  аз ин ваборо мекунанд. Вале на ҳар кас тавон, виҷдон ва нангу номус доштааст, ки  дарди ҷомеаро дарди худ эҳсос кунад.

Муттаассифона, имрӯз як гурӯҳ дастнигарон- фармонбардорони аҷнабиён худ тоҷик ҳастанду модари тоҷик онҳоро ба дунё овардаву Тоҷикистони азиз дар домони сабзаш ба воя расонидааст, ба сӯйи Ватан санг меандозанд. Аз ҳама муҳим ба дарди миллат ва дарди ҷомеаи имрӯза табли шодӣ мезананду ба худ лаззат мебаранд. Ҷойи нигаронӣ аз он аст, ки онҳо тоҷиканду ҳамватани моянд, ҷойи таассуф он аст, ки  ба иродаи худ пойбанд нестанд, ҷойи ошӯб он аст, ки ба иродаи хуб мусаманд нестанд, ки ин гуна шахсиятро мегӯянд бешарафу беномус. Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд. Шабакаҳои террористӣ (Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо минбари ҳиллаву найранг ва дасисаву иғвоҳои ин гурӯҳи хоини миллат гардидааст.Ҳанӯз соли 2015 Суди Олии Тоҷикистон ин афродонро хоини миллат, террорист эълон дошта, Ҳизби наҳзати исломиро ҳизби террористию экстремистӣ эълон дошт.

Вақте, ки таърихро саҳифагардон мекунам, амалҳои ин разилон дар вақти ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 асри гузашта, ҳамон қаҳрамони манфии Повести Одинаи Садриддин  Айнӣ, Камол-арбобро мемонад, ки нисбати қаҳрамони ин асар Одина чӣ зулму ситамро раҳо дида буд.

Фиребу найранг, ҳиллаву буҳтон, гирифтани пора, қатлу куштор, хоини миллат сохтани ҷавонон хислатҳои наҷиби ин тоифаи наҳзатист. Худро исломшиносу наҳзати илсом вонамуд месозанду дар асл корҳоеро раво мебинанд, ки ҳеҷ як фарди бехудогоҳ инро ба ҷо намеоварад.

Имрӯзҳо наҳзатиҳои лаъин мехоҳанд бо далелу сабабҳои нокомашон, ки пур аз кинаву анбуҳ, рашку ҳасад нисбат ба Пешвои миллат аст, ба мардум собит созанд.

Ба каломи фасодашон аҳамият диҳед “РАИСҶУМҲУР”  магар ин каломи тоҷикӣ аст, не калому лаҳҷаи мардуми Эронинажод аст. Пас бо боварӣ метавон гуфт, ки наҳзатиҳои бадбахтиовора имрӯз фармонбардору каломнавису хизматгори аҷнабиёни хешанд ва мувазаффанд аз супориши хоҷаашон итоат кунанд. 

Аз ин ватанӣ бидон, ки соҳибватанӣ. Мо мардуми Тоҷикистон бояд соҳибватанони асил бошему нагузорем, ки ҳеҷ як ташкилот ва ё шахси алоҳида ба мисли наҳзатиҳои наҳс боиси иғвову дассисаҳо гарданд,   зеро ки мо насли калонсол хуб дар ёд дорем, ки ду даҳсолаи пеш Тоҷикистони мо дар чӣ вазъият қарор дошт. Мо Ватанро аз сифр бунёд сохтем. Имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхори кулли тоҷикистонӣ ва тоҷикони ҷаҳон аст.

Имрӯз камбудиҳо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба нарасидани маводи доруворӣ, кати хоби беморон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии ин вабои аср руҳафтода нагардему баръакс даст ба дасти ҳамдигар дода, камбудии давлатро камбудии хеш донем, зеро давлати воқеи халқ аст.

Зимнан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Роҳбарияти Олии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароитҳои мавҷуда куллан истифода намуда истодааст, ки ин бемориро пешгирӣ намояд.

Роҳбари террористони наҳзатӣ чун ҳамешагӣ тавассути ҳиллаву найранг мехоҳад мавқеи худро ба тарафдоронаш муайян сохта, мавқеи Ҳизби мамнуъгаштаи наҳзатро дар Тоҷикистон побарҷо намояд, зеро дарди наҳзатиҳои бадбахт як дард аст, қудрат, мансаб, сухан, ки ин барояшон дар ду олам насиб нахоҳад гашт.

Кабирӣ ва ҳамдастонаш барои расидан ба хостаҳои хеш аз ҳар роҳу васила истифода намуда, ҳаргиз аз риёкорӣ ва дурӯғу фитна гуфтан худро канора намегиранд. Бояд чунин бошад, шахсеро, ки Худованд аз ӯ имонашро мегирад ба ҳар кор қодир аст.

Кабирӣ як шахсияти беимон аст, зеро ки имондори асил ҳеҷ гоҳ Ватанашро намефӯрушад. Дар ҳадиси муборак низ омадааст, ки “Ватандорӣ як гӯшаи имондорист”. Пас мезадад, ки дӯстдорӣ ин Ватан ва ин сарзамини биҳиштосо бошем, ки номаш Тоҷикистон аст.

Дар самти коронавирус дар Ватани азизамон ҳаминро гуфтаниям, ки “ЭЙ ДӮСТ, ҲОЛИ КӮЧАИ МО ХУБ МЕШАВАД”,  агар босабр бошему боватан.

Абдуллозода Саёҳат,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg