БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ

АНДЕША. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини тоҷикон воқеаи муҳиму хотирмон ба вуқуъ пайваст ва он дар саҳифаҳои давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Ин воқеа ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буда, бо талошу заҳматҳои чандинсолаи фарзона фарзанди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта мардуми кишварро ба мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ намуда, аксарияти онҳо берун аз марзи кишвар фирор намуда, ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёде ворид намуд. Пеш аз ҳама ба мардум бори гарони гуруснагӣ, дур аз Ватану хешовандон, аз даст додани ҷони чандин нафар аз наздикон ва амсоли инҳо, ки ҳар як фарди соҳибватанро азият медод.

Касе дигар бовар надошт, ки ин нобасомониҳо хотима меёбад ва мардум ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардад. Дар ҷумҳурӣ сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ ҳукумфармо мегардад. Вале ақлу хиради азалии сокинони кишвар бо роҳбарии фарзанди бонангу ор, ватандӯсту ободгаро, сиёсатмадори варзида муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифта, дар як муддати кӯтоҳ сари роҳи ҷангу ҷидол ва бесарусомонӣ гирифта шуда, дар дили сокинони кишвар шӯълаи умед аз нав фурӯзон гардид. Ҳама интизори чунин рӯзро доштанд.

Бояд қайд намуд, ки дар аксарияти давлатҳои бо мо ҳамсоя солҳои тӯлонӣ чунин ҷангу ҷидолҳо идома дорад ва сокинони ин давлатҳо аз ин азият мекашанд. Барои ба даст овардани сулҳу салоҳ  пайваста мубориза мебаранд. Вале то ҳанӯз ин неъмати бебаҳо барояшон муяссар нагардидааст. Барои зиндагии арзанда ба инсон пеш аз ҳама ваҳдату якдилӣ, сулҳу оромӣ лозим аст, ки пешравии ҳар як миллату давлат аз ин вобастагии калон дорад.

Мо бояд шукрона намоем, ки дар давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва дорои тамоми шароитҳои кору зиндагӣ умр ба сар мебарем. Имрӯз давлатҳои абарқудрати дунё таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро меомӯзанд ва ин таҷрибаро яке аз падидаҳои арзандаи миллат меноманд. Зеро тоҷикон тавонистанд, ки баъди ҷанги дохилӣ аз гуноҳи якдигар гузаранд ва сари як дастархон ҷамъ омада, дар ободонии Ватани худ саҳмгузор бошанд. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон поянда бод ва мардуми тоҷик сарбаланду хонаобод, Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо тансиҳату саодатманд ва хоҳони онем, ки солҳои тӯлонӣ дар сари мардуми тоҷик роҳбар, кабутари сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистони азизамон парафшон бошад.

Сайёра Ҳусейнова, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, назорат ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg