БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС КУМАКҲОИ ХУДРО ДАРЕҒ НАМЕДОРАНД

Ш.ШОҲИН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» ба  Маркази саломатии деҳаи Ёли Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  барои пешгирии бемории сироятии короновирус  COVID – 19   1 адад  либоси муҳофизатӣ, 200 дона ниқоб ва 20 дона айнак кумак карда шуд.

Ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» ин иқдоми хайрхоҳонаро идома дода,  максад дорад, ки дар оянда барои пешгирӣ аз ин бемории  сироятӣ  ба дигар марказҳои саломатии ҳудуди ноҳия кумакҳои худро расонад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои дастгирӣ ва иқдоми нек барои ҳифзи солимии ҷомеа ба  ташкилотии ибтидоии мазкур минатдории худро расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg