БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИСОЛАТИ ҲХДТ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БАРОИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ КИШВАР МЕБОШАД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаю хайрхоҳонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин шурӯъ аз оғози моҳи июни соли равон ҳамарӯза намояндагон аз ҳисоби роҳбарону кормандон ва волонтёрони назди Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  барои расонидани кумак дар корҳои сохтмонию барқароркунии манзилҳои истиқоматии оилаҳои зарардида аз офати табиии ноҳияи Хуросон саҳм мегузоранд.

Дар раванди корҳои ободонӣ ва сохтмону барқарорсозии манзилҳои истиқоматии оилаҳои зарардидаи офати табиӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин масъулияти бештар эҳсос намуда, ҳамарӯза ба онҷо ташриф оварда, бо шароити зисту зиндагонии оилаҳои осебдида  шинос гардида, волонтёрон ва намояндагони Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар корҳои ободонӣ ва сохтмону барқарорсозӣ роҳбарӣ менамояд. Ҳамзамон, Миралиён Қиёмиддин дар кумаку дастгирии оилаҳои ниёзманд мунтазам мусоидат менамояд.

Иқдоми пешгирифтаи Миралиён Қиёмиддин боиси дастгирӣ аст, ки бо ҷалби волонтёрон ва ҳизбиёни шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи лоиҳа дар сохтмони ҳоҷатхонаю ҳаммомҳои шакли дренажӣ ва биноҳои ёрирасони оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон саҳм гузошта, бо роҳбарии ин шахси ватандӯст корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Миралиён Қиёмиддин вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ дар доираи соли 2020 Соли бештари манфиатҳои миллӣ як қатор нақшаю тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои таблиғотиро дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳо аз ҷониби шаҳрвандон,  кумаку дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон ба таври лозимӣ ба роҳ мондааст. Нақшаю тадбирҳои мазкур ба манфиати мардум равона гардида, амалӣ гардонидани онҳо ба некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg