
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои тарғиботиро бо усули "хона ба хона" дар самти пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус ва ҳамчунин бобати истифодаи дуруст ва мақсадноки замин дар деҳаи Розиқободи Ҷамоати деҳоти Панҷ гузарониданд.
Дар рафти тақсимоти маводҳои таблиғотӣ масъулин таъкид намуданд, ки мо дар сурате муваффақ мегардем, ки гигиенаи шахсиро дар самти пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус риоя намуда, дигаронро низ огоҳ созем, ки худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ ҳифз намоянд.
Дар самти истифодаи мақсадноки замин бошад, кормандони ҳизбӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вобасташударо мақсаднок истифода намуда, дар мавриди гирифтани ҳосил, кишти такрории зироатҳои донагиро низ ба роҳ монанд.