БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БА НАФЪИ МОСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шиносоӣ бо рафти истифодабарии мақсадноки заминҳои кишоварзӣ дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо усули “хона ба хона” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии ҳизбиро баргузор намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур муайян шуд, ки сокинони деҳаи мазкур ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда истода, аз як замин то ду ё се ҳосил мерӯёнанд. Масъулин таъкид доштанд, ки самаранок истифода бурдани замин ба нафъи худи оила буда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ мусоидат мекунад.

Гузашта аз ин дар раванди баргузории чорабиниҳои таблиғотии ҳизбӣ бо усули "хона ба хона" масъулин вобаста ба чорабиниҳои пешгирикунанда аз паҳншавии бемории сироятии короновирус суханронӣ намуда, ба сокинон маводҳои таблиғотиро тақсимот карданд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg