БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ СИРОЯТЁБӢ БА КОРОНАВИРУС ЧӢ БОЯД КАРД?

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чунин буд мавзӯи суҳбате, ки аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар деҳаи Таги ҷар  бо сокинон гузаронида шуд.

Ба иштирокдорони суҳбат  фаҳмониданд, ки  риояи дурусти   қоидаҳои  гигенаи  шахсӣ ва ҷамъиятӣ,  тозаю покиза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, бе зарурат аз хона набаромадан ва дигар талаботҳои муайяннамудаи табибон роҳи асосии сироят наёфтан аз ин беморӣ ва ҳифзи саломатии аҳли оилаи худ аст.

Ҳангоми суолу ҷавоб ба сокинон “Барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус чӣ бояд кард?”  маълум гардид, ки онҳо дар бораи ин беморӣ маълумот доранд ва медонанд, ки барои пешгирии он кадом корҳоро иҷро кардан зарур аст. Вале бадии кор дар он аст, ки дар бисёр ҳолатҳо талаботҳои муайянгардидаро иҷро намекунанд. Дар суҳбатҳои доирнамуда ба онҳо таъкидан гуфта шуд, ки зоҳир намудани беаҳамиятӣ  нисбати ин беморӣ  оқибатҳои фоҷиаборро ба амал оварданаш мумкин аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg