ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, аз ҷониби масъулин баррасӣ карда шуданд.
Дар охир баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба иштирокдорон маслиҳатҳои судманд доданд.