ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории сироятии коронавирус бо сокинони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев вобаста ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус қоидаҳои беҳдоштиро ёдрас гардида, сокинонро ба риояи гигиенаи шахсӣ даъват намуд. Ҳамчунин,, мавсуф роҳу воситаҳои пешгирӣ аз ин бемориро таъкид карда, ёдовар шуд, ки сокинон саломатии худ ва фарзандону пайвандонашонро эҳтиёт намоянд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба сокинон 35 дона ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба таври ройгон тақсим карда шуд.