ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” бо сокинони деҳаи ба номи Сафар Гадоии Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд корҳои оммафаҳмонӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ саломатӣ суҳбат намуда, қайд кард, ки мо аз ҳарвақта дида қоидаҳои беҳдошти саломатиро бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус риоя намоем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинон бе даҳонбанд ва бе риояи фосилаи таъиншуда бо ҳам муошират мекунанд, ки ин амал хатари бештар дорад. Дар сурати наандешидани чораҳои иҷрояшон таъхирнопазир, набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дубора авҷ гирифтан ин беморӣ аз эҳтимол дур нест.