БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 «Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллат тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонь намудааст».

ЭмомалӣРаҳмон

АНДЕША. 27 июни соли 1997 дар таърихи давлати навини тоҷикон ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯзе,ки барои ҳалқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст ба осонӣ ба  даст наомадааст.  Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале мутассифона мо тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳоссоси таърихӣ қарор доштем дар аввал натавонестем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати ҳалқу давлати худ басамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри ХХ ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт; давлат навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштанд ва ё парокандагии ҳамину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Ҳушбахтона дар чунин давраи ҳассоси таърихи фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди ҳалқу миллат бо  дили пур ваъда доданд: « Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди ҳалқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллату бофарҳангу тамаддуни мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллатонро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидааст. Дар замони Каёниёни Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки ваҳдатро пайдору барқарор нигоҳ доштанд. Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён то замоне, ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод қарнҳо пойдору устувор буд.

Замоне, ки ваҳдат дар он  халалдор шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар – давлати Сомониён. То замоне, ки фарҳанги ваҳдатсозӣ асосгузори ин давлат аҷдодии мо, Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, давлати Сомониён ҳам пойдор буд. Ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузурги илмию аҷдодӣ муваффақ гаштанд. Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён аҷдодони мо ба пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дигар соҳаҳо ноил гаштанд. Ситораҳои илму фарҳанги он замон, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абӯали ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо дигарон бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарияти нақши босазо гузоштанд ва ифтихори миллатанд. Ҳамаи он дастоварҳо аз ваҳдат ба даст омада буданд. То замоне,ки ваҳдат поянда буд, ҳалқ орому осуда зиндагии осоишта ба сар мебурд. Пас бузургии ваҳдатро пас бояд дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид. Онро ҳамчун дастоварди муқаддас пос бояд дошт!  Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусуси Сардори давлат дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили мухимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқолияти давлатӣ, бешубҳа  Ваҳдати миллӣ сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.

Раҳмон  Муродов,  мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаии иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Носири Хусрав                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg