ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чорсӯ” кормандони Кумитаии иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Covid-19 суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар он ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизаткунанда гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда, маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи Covid-19, риояи гигиенаи шахсӣ ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулин расонида шуд.