БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Фарғона” бо мардум вохӯрӣ таҳти унвони “Бар зидди коронавирус мубориза мебарем!” баргузор карда шуд.  Зимни баргузории он ба ишрокчиёни вохӯрӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ, оид ба усулҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” тақсим карда шуд. Инчунин, таъкид гардид, ки пеш аз ҳама ҳар як шахс  бояд гигиенаи шахсиро риоя намояд, то ки ҳаёти худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз кунад. Ҳамзамон, қайд  карда шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби ҳимоявӣ сайругашт накарда, бе зарурат аз хонаҳои истиқоматии худ набароянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg