БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД ЗАМИНРО САМАРНОК ИСТИФОДА НАМОЕМ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Раиси муаззмаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода намудани заминҳои бекорхобида ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемори коронавирус дар деҳаи Чашмаи 2-и Ҷамоати деҳоти Дӯконии  шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ доир гардид.

Дар суҳбат масъулин вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинон суҳбат ороста, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба  истифодаи оқилонаи замин, тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус  ва ниқобҳои тиббии бисёркарата тақсим карда шуд .

Ҳамзамон,  қай гардид, ки  ҳар яки моро зарур аст, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо ҷидду ҷаҳд талош варзида, Ватани азизамон-Тоҷикистонро дар кӯтоҳтарин муддат ба як кишвари дорои иқтисодиёти пешрафтаи ҷаҳонидошта табдил диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg