БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ САНИТАРӢ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ БЕҲТАРИНИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи волонтёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи Аксияи ҳизбии «Ҳаёти худу дигаронро ҳифз намо!» дар кӯчаҳои дурдасти деҳаи Хуррамдеҳ бо мардум оид ба  пешгирии сироятёбӣ ва интиқоли бемории коронавирус бо онҳо гуфтугӯ намуданд.

Дар суҳбат таъкид гардид, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ба кӯча баромадан қатьиян манъ буда, чораҳои дигари пешгирӣ, аз қабили тез-тез бо собун шустани дастон, истифодаи моеъҳои антисептикӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд.

Волонтёрон рияои меъёрҳои санитариро яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирии паҳнгардии беморӣ маънидод карда, баҳри дастрасии маълумотҳои бештар ба сокинон варақаҳои иттилоотиро  тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg