БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД СУННАТИ ҲАМСОЯДОРИРО ПОС ДОРЕМ!

ВОКУНИШ. Муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарфи тоза набуда, зуд-зуд дар марз баҳсҳои бемавриди лафзии хушунатомез сар зада, ҷанҷолҳои хунинро ба бор меоранд. Ин навбат баҳси лафзии хунин дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон сар зад, ки дар натиҷа хушунати ду миллат авҷ гирифту ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Ӯзбекистонро бар ҷой гузошт.

Моҷарои марзӣ дар ҳудуди деҳаи Чашмаи ноҳияи Сухи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуҷуд омадааст, ки аксари сокинони маҳаллаи Чашма тоҷикнишин мебошанд. Тибқи иттилои расида, бинобар сабаби ба таври ҳашар тоза намудани як чашма, ки аз он ҳам шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам шаҳрвандони Ӯзбекистон истифода мебаранду ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон таалуқ дорад, моҷаро сар задааст. Коршиносон сабаби ҷанҷоли бемавриду баҳсбарангезро, муайян нагардидани марзбандӣ медонанд, ки дар ҳақиқат 5 дарсади марзи Ӯзбекистону Қирғизистон номуайян мебошад.

Сабаби асосии баҳсҳои мардуми қирғизро бо ҳамсояҳояшон коршиносон дар нодуруст тақсимбандӣ шудани марз медонанд. Вале саволе ба миён меояд, ки чаро танҳо бародарони қирғиз аз ин марзбандӣ розӣ нестанд? Зеро онҳо гоҳ ба сокинони наздимарзии Ӯзбекистон ва гоҳи дигар бо сокинони ҳамсояи худ Тоҷикистон ҳамла мекунанд. Ҳол он ки ин марзбандӣ аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаасту мақомотҳои ҷонибҳо имрӯз сари он андеша доранд. Чунки намехоҳанд дар давлатҳои ҳамсоя ва бо ҳам дӯсту бародар талафоти ҷонӣ ба миён биояд. Боиси қайд аст, ки дар муноқишаҳои чанд рӯзи охир чор шаҳрванди Тоҷикистон ва чор шаҳрванди Қирғизистон бар асари ҷанҷолҳои хушунатомез захм бардоштанд, ки ин каме байни ду миллати ба ҳам дӯсту бародар кори нохушоянд аст. Мо бо мардуми қирғиз бояд аз рӯи накӯкорӣ кор бигирему суннатҳои ҳамсоядории хешро пос дорем.

Ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ҳарду давлат буда, набояд сокинон бо баҳсҳои беасосу хушунатомез вазъро ноором созанд. Дар ин кор шояд дасти сеюм ҳаст. Вале бо ин баҳамрезӣ тарафи сеюм аз Тоҷикистон ва Қирғизистон чӣ мехоҳад? Ин савол барои мо муаммост. Ба ҳар сурат муносибатҳои дӯстона ва стратегии мо бо ҷумҳурии ҳамсояамон Қирғизистон хуб ба роҳ монда шудааст. Ва мо дар ҳар ҳолат набояд муносибатро вайрон созем. Номуайянии ҳудуд ва аломатгузорӣ нашудани марз барои мардуми бохираду дурандеш баҳона шуда наметавонад. Баръакс, агар мо дӯстию рафоқатро мустаҳакамтар намоем, кинаҳоро аз дил берун барорем ба ривоҷи муносибатҳои ҳамсоядориамон иқдоми хубе мешавад. Бояд гуфт, ки хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976км-ро ташкил медиҳад, ки аз он ҳамагӣ 546км. аломатгузорӣ шудаасту бас. Албатта, ин маънои онро надорад, ки хати марз муайян несту мо бояд бо бародари худ муноқиша кунем. Аксари коршиносони ҷаҳонӣ ҳам гуфтаанд, ки ин гуна масъалаҳоро бояд худи давлатҳои ҳамсоя, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳал намоянд ва албатта, бояд чунин ҳам шавад. Зеро мо бо бародарони қирғиз натанҳо ҳамсояву ҳаммарз, балки дӯсту бародар ҳастему солҳои тӯлонӣ дар ҳамсоягӣ ҳамдигарро хуб дастгиру мададгор будему ҳастем. Халқҳои тоҷику қирғиз ҳамеша дӯсту бародар буд ва хоҳад монд.

Фарух Султонов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg