БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ МО МАНФИАТРО АЗ ЗАМИН ДУЧАНД МЕГАРДОНАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Зиракӣ мулоқот доир намуда,  роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19-ро ба сокинон фаҳмониданд.  Дар баробари ин ба сокинон оид ба самаранок истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва гузаронидани кишти   такрорӣ тарғиб карда шуда, таъкид гардид, ки агар мо  ба меҳнати софдилона  машғул шавему  кишту корро дар заминҳои дар ихтиёрдоштаамон  вусъат бахшем, манфиати мо аз замин  дучанд гардида, ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил мегардем.  Дар охир  ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg