ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани замин бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва гурӯҳи таблиғотӣ ҳамарӯза дар ҳудуди ноҳия рафта истодааст. Ин навбат чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи Ваҳдат гузаронида шуд, ки дар он намояндагони ҳизбӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне коронавирус ва истифодаи самараноки замин андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳалли зист баҳри пешгирӣ аз ин бемории хатарнок ҳатмӣ мебошад. Агар мо ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ҷиддӣ муносибат кунем, метавонем худ ва дигаронро натанҳо аз ин беморӣ, балки аз тамоми бемориҳои сироятӣ эҳтиёт менамоем.
Сипас, дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.