БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС АМАЛИ ХАЙРЕСТ БА МАНФИАТИ МАРДУМ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат аз бемории коронавирус ва ҳолати кишти заминҳо дар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва кӯчаю хиёбонҳои  Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.   

Дар ин мулоқотҳо  ҳизбиён бо кору фаъолият ва ҳуҷҷатгузории  ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён”, “Фарҳангчиён”, “Матлуботчиён” ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳрак шинос шуда, фаъолияти онҳоро дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корро дар самти пешгирии коронавирус бо ҳамсафон ва бо сокинон ҷоннок намоянд.     

Намояндагон ҳангоми гузаронидани мулоқотҳо ба ҳозирин оид ба истифодаи самараноки қитъаи заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар заминҳои корами шаҳрвандон дастур дода, муқовимати дастаҷамъиро алайҳи сироятёбии коронавирус ва механизми иҷрои амалҳои пешгирикунандаи ин вабои асрро аз шаҳрвандон талаб намуданд.

Тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирусро миёни мардум ба роҳ монда, барои эҳтиёти худ ва наздикони худ аз сироятёбии ин беморӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg