ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагони соҳаи маорифи ноҳия дар деҳаи Иттиҳоди Ҷамоати деҳоти Лолазор, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигиро бо усули “хона ба хона” боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри солим нигоҳ доштани худ ва дигарон аз ин вобои аср ба сокинон маслиҳатҳои муфид доданд. Дар рафати корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи корӣ ба ҳар як иштироккунанда маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ аз вирус ва ду намуд варақаҳои иттилоотӣ яке вобаста ба гигиенаи шахсӣ, дигаре оид ба истифодаи заминҳои наздиҳавлигиро тақсим карданд.