ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии вируси нави коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рӯи усули “хона ба хона” дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Тугарак суҳбат гузарониданд. Дар вақти суҳбат пешгирии бемории сироятии коронавирусро таъкид карда, илова намуданд, ки ба кишти такрорӣ хусусан истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ба ҳамсуҳбатон варақаҳои иттилоотӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва самаранок истифодабарии заминҳо дода шуда, аз ҳар кадоми онҳо хоҳиш карда шуд, ки дар оилаи худ омилҳои пешгирии бемориро фаҳмонанд.