БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДЕҲҚОНОН ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ САҲМГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Истифодаи гармхонаҳо дар Ҷамоати деҳоти Тугарак нисбати дигар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ бештар буда, хоҷагидорон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ нақши муҳимро мебозанд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар вақти ҷамъоварии ҳосили маҳсулотҳои кишоварзӣ дар деҳаи Навбаҳор иштирок намуданд. Нахуст ба кормандони гармхона варақаҳои иттилоотӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дастрас карда,  сипас дар ҷамъоварии ҳосил кумак намуданд. Бояд қайд кард, ки дар гармхонаи мазкур  помидор, бодринг, қаланфур ва тарбуз низ парвариш ёфта, дар он занони хонанишин ба кор ҷалб гардидаанд.

Масъулин дар рафти суҳбат бо онҳо таъкид намуданд, ки барои самаранок истифодабарии заминҳо занони бекори хонанишин барои ташкили гармхонаҳои хӯрд дар назди қитъаҳои замини наздиҳавлигиашон ҷалб карда шаванд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg