Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода намудани ҳар порча замин бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Беназир”-и Ҷамоати деҳоти Маданият Аксияи навбатӣ оид ба пешгирии короновирус гузаронида шуда, масъулин дар рафти вохӯрӣ ба сокинон таъкид карданд, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намуда, аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус истифода баранд. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд ва набояд ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро мешиканад. Инсонҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо рӯҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб бароянд.