БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оила макони меҳру муҳаббат ва бахту саодат мебошад

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдати миллӣ” дар мавзӯъи «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат Ҷумагул Шомаҳмадова қайд намуд, ки боиси қаноатмандист, ки модарону бонувони азиз, ҳамчун нерӯи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ хеле корҳои шоистаро ба анҷом расонида, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунанд. Бовар дорам, ки занони мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси модарии худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми занону бонувон дар ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Нақш ва таъсири модарони азиз, дар амри тарбияи фарзандон, хусусан духтарон бедор намудани  рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, раҳнамоӣ ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург ва ҳалкунанда мебошад.

Дар фарҷом аҳли нишаст  ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg