КӮЛОБ. Дар доираи гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни суҳбату мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рафтору амали муғризона ва мақсадҳои нопоки ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи-24 пайваста огоҳонида мешаванд.
Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати кишоварзии минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.
Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул суханронӣ намуда, қайд кард, ки ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи-24 дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад, яъне бо истифода аз эътиқоди динӣ зуран сарнагум кардани ҳокимияти давлатӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи мо, Ватани мо, идеологияи миллии мо, мардуми мо ва ҳар нафари мо равона шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мақсадҳои ин гурӯҳҳои ифротиро дуруст дарк карда, дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бар он варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар карданд онҳоро сарбаландона иҷро намоем.
Иштирокдорони маҷлис дар навбати худ низ андешаҳои хешро нисбат ба ғаразҳои ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи-24, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд, баён дошта, гуфтанд, ки ҳадафи аслии онҳо аз байн бурдани давлати мустақили мо, нобуд кардани таъриху фарҳанг ва нобудии миллати мо ҳаст ва мо амалу рафтори ин гурӯҳҳои ифротиро ҷиддан маҳкум карда, бар зидди ҳамагуна унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунад, муборизаи беамон хоҳем бурд.