БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ БАРОИ ИНСОНИЯТ

АНДЕША. Пас аз  пош хӯрдани  давлати  абадқудрати  Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи   ҷумҳуриҳои  тобеи  он  роҳи  мустақилиятро  пеш  гирифтанд. Дар  харитаи  сиёсии  ҷаҳон  давлатҳои  наву  мустақил пайдо  шуданд. Дар  ин  қатор  Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ  роҳи  рушди  озодонаро  пеш  гирифт. Ин  роҳ  барои  давлати  ҷавон  роҳи  осон  набуд.

Мутаассифона,  бо  дахолати  қувваҳои  бадхоҳи  беруна , ки  рушди  давлати  Тоҷикистонро  намехостанд  нақши  аз  байн  бурдани ин  давлату  миллати  тоҷикро  таҳрезӣ намуданд. Дар  Тоҷикистон  ҷанги  шаҳрвандиро ба  амал  оварданд, ки  он  бадбахтиҳои  зиёдеро  ба  сари  ин  миллат  овард. Бародар  бо  бародар, писар  бо  падар душман  шуда,  ба  сӯи  якдигар   тир  холӣ  мекарданд.  Сохторҳои  давлатӣ  фалаҷ  шуда , ғорату  дуздӣ, қатлу куштор ва  гаравгонгирии  одамони  бегуноҳ  оғоз  ёфт. Молу  дороии солҳои  зиёд   ҷамъовардаи   мардум ба  яғмо  рафт. Шаҳру  деҳот ва  боғу киштзор, муассисаҳои  давлатӣ ва хонаҳои  шахсӣ  ба  коми  оташ кашида  шуданд  ва  вайрону  валангор  гардиданд.  Танҳо  моҳи  ноябри  соли 1992  Иҷлосияи  таърихии  ХУ1 Шӯрои  Олӣ садди  роҳи  ин  хатари  миллаткушу  кишварсӯз шуда  тавонист. Баъди  барқарор  шудани  сохти  конститутсионӣ низ тухми  низоъ  коштаи  ин  бадхоҳони  миллат ба  осонӣ  бартараф  нашуд. ТТЭ ҲНИ  ва хоҷагонашон  тӯли   солҳои  1992-1997  муборизаи  мусаллаҳонаро   идома  доданд.  Дар  ҳамин  вазъияти  ҳассос Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъи  назар  аз  хатару  мушкилотҳо бо  иқдоми  наҷиби  сулҳофаринӣ  дар  таърихи  навини  башарият иқдом  намуда,   баъди  гузаронидани  гуфтушунид бо  мухолифин  27  июни  соли  1997 Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ ва  ризоияти  миллӣ дар  Тоҷикистон ба  имзо  расид, ки  ҳамчун  рӯзи  тантанаи  оромиву ҳадфаҳои  наҷиби  халқи  тоҷик дар  роҳи  душвори  барқарор  намудани  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ  ва  амалӣ  гаштани  қарорҳои   Иҷлосияи  таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гардид.

Ҳар  миллату  давлатро  дар  лаҳзаҳои  ҳассостарини  мавҷудияташ фарзандони  баору  фарзонааш умри  дубора  мебахшанд. Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  рӯзгори  мардуми  тоҷик ,ба  ин  сарзамин  сулҳу  салоҳ  овард. Мардум  ба  ҳар  амали ӯ бо  умед  менигаранд. Кӯшишу  талошҳои   ҷавонмардонаи  Пешвои  миллат дар  роҳи  сулҳ  овардан  ба  мардум барабас  нарафтанд. Ӯ  ба  қавлу  амалаш   амал  кард ба  мардум  сулҳ  овард. Сулҳ  буд, ки  Ватан  обод  шуд, сулҳ  буд, ки  мо  худро  шинохтем . Сулҳ  таъмингари  зиндагии  шоистаи мову  шумост. Ҳамин  сулҳ  ҳаст, ки насли  ҷавони  кишвар  ба  воя  расид  ва зиндагӣ  маҷрои  муътадили  худро  ёфт. Сулҳ  барои  инсон беҳтарин  ва  волотарин  неъмат ба  шумор  меравад. Агар  сулҳ  ба  мо   ободиву  осудагӣ  ва  шинохт  овард, пас  чаро  онро  чун неъмати бебаҳо барои  инсоният нашносем. 

Сураё Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав                                                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg