АНДЕША. Ҳар қадар таърихномаи сарнавишти миллат варақгардон мешавад, эътибору шарофати санаи таърихии 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ то чанд бештар гардида, чун авроқи тиллоии таърихномаи миллат боқӣ мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки офтоби бахти миллати тоҷик баъди ҳазор соли шикасти давлати Сомониён дар оғози даҳаи охири қарни ХХ дигарбора дурахшид ва дар харитаи олам давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон зуҳур кард. Роҳи пешқадамтарин давлатдории дунявию демократиро интихоб намуд. Башарият ба зудӣ ин давлати тозаниҳоди миллиро шинохт ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳон нахустин шуда робитаҳои дипломатиро бо Тоҷикистон барқарор сохтанд. Аммо нерӯҳои бадхоҳи миллат ба чархаи рушди давлати тоҷикон садд гузошта, бо афкори хоинона фазои ороми кишварро тира сохтанд ва мардуми умре дар ҳалқаи иттиҳоду ягонагию дӯсти басарбурдаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ниҳоли акнун сабзидаи истиқлолиятро бо баргу шохаҳои миллихоҳонааш шикастанд. Андешаҳои миллӣ ба ҳар сӯ пош хӯрд. Ҷойи афкори созандаи сиёсӣ қаламу эҷоду илму маърифат силоҳу кину ҳасуду разолат ҳукмрон шуд. Бародар қотили бародар гардид ва оташи ҷанг то чанд фарохтару хатари пора шудани сарзамини аҷдодӣ таҳдид мекард. Касофатии ҷанг харобию гуруснагӣ, ноумедиҳову дилшикастагӣ ба бор меорад, аммо қаҳрамононро тавлид месозад. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси ҳаёту зиндагӣ дар кишвар Худованд баҳри наҷоти миллати пурармони тоҷик фарзанди ҷасоратманду миллатдӯстро ба майдони сиёсати давлатдорӣ овард. Аз нахустин ҳарфи ба забоновардааш “Ман ба шумо сулҳ меоварам” садо дод. Номи ӯро ин нияти сидқ дӯстдори мардум, созандаи Ватан ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ гардонд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи ӯ оғоз шуда, устуворгардонии пояҳои давлатдории Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи мардумсолори ӯ идома дорад.
Барои расидан ба сулҳи тоҷикон, фурӯнишонии оташи ҷанг, раҳоии садҳо ҳазор ҳамватанон аз панҷаи асорати бегонагон ва тоза кардани доғи гурезагӣ аз исми онон, ба ҳамовардани бародарони сӯиҳамтеғкашидаву оштии онҳо ва бунёди кохи муҳташами Ваҳдати миллӣ нақши таъсиргузору беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Сангарҳои вазнини гуфтушунидҳо дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, хусусан дар хоки Афғонистон бо сарварони гурӯҳҳои бо тиру тӯп мусаллаҳи мухолифини тоҷик нишони шуҷоатмандии Роҳбари ҷавони давлати Тоҷикистон ва қаҳрамонии асили Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Давоми панҷ соли давлатдорӣ солҳои 1992-1997, ки айёми задухӯрдҳои мусаллаҳона, хунрезию талафоти ҷонию иқтисодӣ ва монеаи рушди иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд, муҳимият ва арзиши бебаҳои Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи сулҳро, ки ба Ваҳдати миллӣ асос гузошт, бори дигар барои наслҳои онрӯзаву имрӯзу оянда дар таърихи миллати тоҷикон абадан сабт кард. “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард”- нигошта буд Пешвои муаззами миллат дар баромадашон ба ифтихори 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Аз рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти тоҷикистониён марҳилаи нави барқарорсозии вайронаҳо, устуворсозии шохаҳои сиёсии давлатдорӣ, рӯ овардан ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ, шинохти миллат ва нақши фарзандони миллат дар рушди маърифати ҷаҳонӣ, таҳияи Барномаҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маорифу фарҳанг, тиб ва варзиш амиқтар шурӯъ гардиданд ва Тоҷикистони мо зина ба зина инкишоф ёфт, тараққӣ кард.
Ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикистон, хоса дипломатияи беназири Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори тарҳи сулҳ - офариниш ва ба Ваҳдати миллӣ расидан дар арсаи байналмилалӣ ягона ва сазовори баҳои арзишманди сиёсатмадорони барҷастаи олам гардонд.
Ваҳдати миллӣ собитгари хиради азалии миллати тоҷик аст, ки бо дониши қавӣ, огаҳии комил аз таърихи ниёгон, кор гирифтан аз адолати иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллии тӯли солҳо боз ҳам дар замири мардуми тоҷик қавигардида ва қавииродагию якмаромӣ, тафаккури асил, миллатдӯстдорӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан ва муҳаббати самимӣ ба ин сарзамини аҷдодӣ доштаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид.
Ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатиро побарҷо гузошт ва мавқеи давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавӣ сохт.
Имрӯз мо аҳли маорифчиён рисолати бештар ба дӯш дорем. Ҳар кадом моҳияту мафҳуми ватандорию Ваҳдати миллиро сидқан дарк намуда, шогирдонро бо таърихи соҳибияти ин рӯзи сарнавиштсози миллат, ки рӯзи ғолибияти ақл ба ҷаҳолат, хирад бар разолат, дӯстӣ бар душманӣ ва тифоқӣ бар низоъ маҳсуб мешавад, ошно сохта, онҳоро дар рӯҳияи дӯстдории Ватан, донишандӯзӣ ва хизмати садоқатмандона ба халқу Ватан ба камол расонем.
Орифзода Муҳаммад Қурбоналӣ, узви ҲХДТ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ