БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ БУЗУРГИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.                                                                   

                                                                                                                                                        Эмомалї Рањмон                                                      

АНДЕША. Таќдир ва сарнавишти миллати тољик дар солњои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи њассосе ќарор дошт.

Вањшонияти ин рўйдоди нобасомон, ки доѓе ба ќалби њар пиру љавон љо намуда, ба њар хонадоне осори ѓаму андўњ нињода буд, дар шеъри Муъмин Ќаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин разми беназмро кас надид,

Ва тасвири онро набояд кашид.

Зи тифлони гавњора то пири кор,

Бишуд сайди ин љангу тири шикор

Чун тулўи офтобе, ки баъди чанд рўзи боронњои пай дар пай синаи абрњоро шикофта берун мешавад, моњи ноябри соли 1994 роњбарии давлати тољикон ба ўњдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулњ сар мекунам» буд.

Дар вокеъ, ин шахси ватандўсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тољиконро љомаи амал пўшонад. Ў ин миллати парокандаву парешон ва ноогоњ аз максадҳои нопоки чанд мансабхоњи ба ќасди љони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба вањдату сарљамъї даъват намуда, сулњро дар кишвари тољикон танинандоз намуд. Мањз, ба шарофати саъю талош ва фидокорию ќањрамонињои беназири Эмомалї Рањмон яъсу ноумедї аз дили Тољикистониён бардошта шуд.

Устод Лоиќ Шералї яке аз аввалинњо шуда ин санаи муборакро барои њаммиллатонашон муборакбод гуфт:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,

Ки тољик мешавад наздик бо тољик!

Кунун оѓози сулњ асту рафоњи халќ,

Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Шоира Гулрухсор аз тулўи њаёти нави мардуми кишвар ва эњёи зиндагии пурбањои миллати бунёдкори тољик ба ваљд омада мегўяд:

Боз тољик, -Миллати мурѓи самандар,

Аз шўои оташи худсўзии худ,

Марзи имонро биафрўзад.

Тољикистон сўхт гар аз љањли тољик

Фазли тољик-Тољикистонро биафрўзад.

Дарвоќеъ, њиммати баланди бахшандагї ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалї Рањмон ва сарвари собиќ мухолифин Сайид Абдуллоњи Нурї, ки оќибат ба дарки маънии идомаи љанг – идомаи тољиккушист ва идомаи тољиккушї фанои миллат аст расида, дасти якдигарро бањри сулњ ва ризоияти миллї фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Москав ба Созишномаи сулњ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накўиш аст. Ин амали љавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халќи тољик бо њарфњои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландї ба худ ќабул хоњанд кард.  

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар ва танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Пешвои мо ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандї аз ваҳдату сулҳ падидор аст.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям: «Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшидаанд, такягоҳ аст».

Камолиддинзода Ҷомӣ Камолиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg