А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо волонтёрон ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монданд.
Масъулин ҳангоми баргузории мулоқотҳо бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус суҳбат гузаронида, ба онҳо барои амалӣ намудани тадбиру чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус тавсия ва маслиҳатҳо доданд. Инчунин, таъкид бар он доштанд, ки оддитарин қоидаҳои пешгирикунандаи сироятёбии коронавирусро, аз қабили ҳангоми вохӯрӣ масофаи байниҳамдигариро риоя кардан, аз дастфишорӣ ва оғӯш гирифтани якдигар худдорӣ намудан, ниқоб пӯшидан, мунтазам ба тамрини бадан машғул шудан ва умуман ҳамаҷониба гигиенаи шахсиро риоя намоянд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо ба сокинон маводҳои лозимӣ ва варақаҳо бо расму аломатҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус дастрас карда шуд.