БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ОБОДИАТ ОБОДИИ МОСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати расонидани  моҳияти  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  дар деҳаи Вахши ноҳияи Хуросон мулоқоту суҳбатҳо оид ба  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва тавсияю пешниҳодҳо барои пешгирии бемории сироятии коронавирус бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир  гардид.

Дар суҳбат  масъулин вобаста ба  саҳм гузоштан дар  таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст ва  пешгирӣ аз коронавирус  андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки  агар мо шаҳрвандон бо масъулияти баланд он дастуру супоришҳое, ки  аз  ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба сокинони кишвар  дода мешавад,  талош варзему дар татбиқи он худро  масъул шуморем метавонем дар оянда ба дастовардҳои  назаррас ноил гардем. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро лозим аст,  дар татбиқи ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ  бо ҷидду ҷаҳд талош варзида, Ватани азизамон-Тоҷикистонро аз ин дида ободу зебо гардонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg