БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТҲОИ “ХОНА БА ХОНА” НАТИҶАИ ХУБ БА БОР ОВАРД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии хавфноки коронавирус бо усули “хона ба хона” дар  деҳаи Боғгаии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо сокинони манзилҳои истиқоматӣ суҳбат доир намуданд. Дар рафти суҳбат ба бошандагон барои  пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти муфассал дода, ҳамчунин ба онҳо  варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда, таъкид  намуданд, ки риояи гигенаи шахсӣ ва тозаю покиза нигоҳ доштани маҳали зист роҳи асосии пешгирии ҳамагуна  бемориҳои сироятӣ мебошад.

Дар ин рӯз бештар аз 76 нафар шаҳрвандони  манзилҳо дар чорабинии ҳизбӣ иштирок намуда, ба тавсияҳои табибон ҷиҳати   пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз наздик  шинос гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg