ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон оид ба истифодабарии самараноку оқилонаи ҳар порча замин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи самаранок истифодабарии замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ бо сокинон суҳбат карда, афзуд, ки моро зарур аст, маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо тадбирҳои доимӣ андешем. Аз як қитъаи замин гирифтани як - ду, балки се - чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон ба ҳисоб меравад.