![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200609_090022%20-%20%D0%BA%D0%BE%D0%BF%D0%B8%D1%8F.jpg?itok=hb0gYFPP)
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавируси COVID-19 ва ҳамзамон ба дарки сокинон расонидани моҳияти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули «хона ба хона» бо сардорони оилаҳо суҳбатҳо баргузор намуданд.
Инчунин, дар масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ масъулин тавсияҳои муфид доданд.