Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.
ВОКУНИШ. Бале, воқеан ҳам айб ҷустану пойи касеро хоидан кори мардонагӣ нест. Бояд мард ҳамон ҷуръату ҷасоратеро дошта бошад, ки баробари дидани айби касе барои рафъи камбудӣ кумакаш кунад. Вале вой бар ҳоли баъзеҳо (Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва тамоми намояндагону аъзои гурӯҳҳои ифротӣ), ки гиребони худро бӯй накарда, бинияшонро ба гиребони дигарон мехалонанд.
Дар ҳоле, ки Ҳукумати кишвар дар фикри солимии ҷомеа будаву мехоҳад мардуми кишварро ҳарчи зудтар аз бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон доман паҳн кардааст, эмин нигоҳ дорад, Муҳиддин Кабирӣ дар тамоми сомонаҳои иртиҷоӣ аз нодурустии идораи давлат ҳарф мезанад. Намедонам ин ҳақро ба ӯ ки дода бошад. Ӯ ҳамроҳи шарикони идеологияш, ки ба қавли худаш бо эшон ҳамфикр аст, вале танҳо фикри худашро мавқеъ медиҳаду он бечораҳо бехабаранд. Шарикони идеологияш Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзои Салимпур ва даҳҳои дигар аз гурӯҳи 24 ҳатто намедонанд, чи гуфта истодаанд. Чунки онҳо манқуртшудаи падарбузургашон Кабирӣ мебошанд.
Кабирӣ имрӯз истеъфои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кардааст. Ва дигар косалесонаш бошанд, бо ӯ ҳамфикранд. Вале мардуми Тоҷикистон имрӯз аз ҷанги морҳое, ки ҳоло аждаҳо гаштаанд, бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳо шуданд, вагарна ҳоло ҳама ғуломи он палидон буданду бо ҷабру зулм зиндагӣ мекарданд. Хушбахтона, зарфи 28 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик орому осуда зиндагӣ мекунанду аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд.
Кабирӣ дар баромади худ аз ҷуръати мардуми ноҳияи Хуросон дар хусуси аз боришоти зиёд зери об мондани заминҳояшон, ки тазоҳурот кардаанд, ёдовар шудааст. Магар барои ҳар мусибат ё ҳолати ногаҳонӣ, ки интизораш нестем тазоҳурот кард? Албатта не. Чунки офати табиӣ ногаҳон сар мезанаду аз ҳеҷ кас намепурсад. Ҳукумати кишвар дар пайи ислоҳаш хаст ку. Ту, Кабирӣ, дар ким куҷое қоим шуда, аз куҷо медонӣ, ки дар Тоҷикистон чи гап ҳаст? Мақоли «Шунидан кай бувад монанди дидан?»-ро ҳеч гоҳ фармӯш накун, ки барои ту фирории дур аз Ватан чун обу ҳаво даркор мешавад.
Гузашта аз ин мардумро як замон аниқтараш соли 1992-юм бо иғво ба шӯр овардед. Чаро дар ҳамон вақт кӯшиш накардед, ки ҳокимиятро ба дасти худ бигиред? Ба ин савол боз худам ҷавоб мегӯям. Барои ҳокимиятро ба даст овардан қудрат, ҷасорат, мардонагӣ, нангу номус ва ғурури миллӣ лозим буд, ки онро на ҳар кас дошт. Маҳз Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғурури баланди миллӣ ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд ва мардуми сарбаланди тоҷикро, ки шумо пароканда карда будед, сарҷамъ карданд.
Ҳатто шумо палидон ҷуръат надоред, ки эҳтироми касеро ба ҷо биёред. Ва боз аз эҳтиром сухан мегӯед. Ба мисли Муҳаммадиқболу Салмон ё Исмоил, ки номатонро ҳам зуд-зуд тағйир медиҳед, намедонам шояд аз номҳоятон, ки падару модар ба шумо гузоштааст, шарм мекунед. Пешвои миллати моро Раҳмон мегӯед. Магар ин эҳтиром аст? Боз худро ҳуқуқдону донандаи хуби Қуръони карим мешумореду дар ҳар суҳбататон бо овардани ҳадисе сухан мегӯед. Инро бидонед, ки дар баробари шумо дигарон ҳам илм омӯхтаанд ва аз шумо бештар ҳам медонанд. Салмон ба ҷое «маъзарат» бигӯяд, «манзарат» мегуфт ва боз дигаронро бесаводу беақл мегӯяд. Шояд мактаби миёнаро ҳам нахондааст ва ё аз волидон тарбия надидааст, ки ҳангоми сухангӯӣ ба ҳамин хел чандин хато роҳ медиҳаду умуман дар гуфтораш эҳтиром дида намешавад. Ту ҳам Салмони бешараф ҳуқуқ надорӣ, ки бо хираву ҷиддӣ кардани қиёфаат, ки гӯё ҳақиқатнигорӣ касеро маҷбур кунӣ, ки аз дигарон маъзарат бихоҳад. Ҳол он ки худат чи гуна узр пурсиданро намедонӣ ва эҳтироми шунавандаатро ба ҷо оварда наметонӣ. Ками дигар омӯз баъд ба эфири пахши мустақим баро ва инро ҳам бидон, ки аз рӯйи этикаи касбӣ ровии барнома ҳақи қазоват карданро надорад. Танҳо пешниҳоди мавзӯъ ва масъалагузорӣ кори ровӣ ҳасту бас.
Имрӯз бошад Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҳисоби занҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат афсун кардаву гумроҳашон сохтаанд, гурӯҳи игвоангези занона ташкил карданист. Ба мардҳо дигар зураш нарасид. Он сохтакориҳое, ки шумо палидон мекунед, шояд мардуми оддӣ бовар кунад. Вале агар касе андак андешаи дуруст дорад, зуд ин найрангбозиатонро мефаҳмад.
Дар охир ба Кабирӣ, Муҳаммадиқбол, Шарофиддин ва дигар пайравонашон хаминро мехоҳам бигӯям, ки умуман барои тоҷику тоҷикистонӣ ҳуқуқи сухан гуфтану идеологияи эшонро вайрон кардан надоранд. Ва ҳамватанони ман ҳам ба ягон маслиҳату машварати шумоҳо эҳтиёҷ надоранд. Беҳуда худро обу адо накунед. Беҳтараш аз хоҷагони хориҷиатон хоҳиш кунед, то ки барои хизматҳои чандисолаи ҷосусиятон нисбати Тоҷикистон ҳақи шумоҳоро пардохт кунанд. Мо аз зиндагии имрӯзаамон розием. Давлатамонро зери сарварии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод кардем. Ва намегузорем, ки шумоҳо бори дигар ба осоиши мо халал ворид кунед. Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сохторҳои марбута тамоми мушкилотамонро худамон бартараф мекунем ва ба шумо ҳеҷ гоҳ эҳтиёҷ надорем.
Орзу Ашӯров, узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Левакант