КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъа заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро дар деҳаи Лесхози Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия ба роҳ монданд.
Намояндагони ҳизбӣ дар рафти корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо аҳолӣ қайд доштанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон риоя кунанд ва инчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва захираи маҳсулотҳои кишоварзӣ ба ҷамъомадагон тавсияҳои судманд дода, таъкид карданд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро ба таври пурсамар истифода намоянд.