КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021). Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида,ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он дар шаҳри Кӯлоб корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Сокинони деҳаи Бахтободи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, пайваста талош меварзанд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои корами сокинон дидан намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Ҳамчунин, дар ин замина ба онҳо варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.