КӮЛОБ. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи “Солимии миллат – бақои давлат!” Ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Чунин як Аксияи фарогир бо иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Давлатободи Ҷамоати деҳоти Зарбдор доир гардид. Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки аз мавзеъҳои серодам худдорӣ намоянд ва танҳо дар ҳолати зарурат ба кӯча бароянд, аз ҳамин лиҳоз аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки боэҳтиёт бошанд ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоянд.