ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб бо сокинони деҳаи Фароғат оид ба самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Бояд қайд намуд, ки деҳқонони заҳматкаши ноҳияи Қубодиёни бостонӣ аз қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии худ ҳосили якум, аз қабили картошкаву пиёз ва қулфинай барин маҳсулотҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба кишти такрорӣ оғоз бахшидаанд. Дар баробари ин бо шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 суҳбат доир гардида, варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба онҳо дастрас карда шуданд.