БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА АМНИЯТ

“Имрӯз  аҳли ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки манфиатҳои миллат  ва давлати  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро  аз манфиатҳои ҳизбиву  гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар  гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии  Ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд”.

                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи  демократӣ пояи сулҳу субот ва яке аз  омилҳои рушди равандҳои  демократисозии ҷомеа буда,  инкишофи фаъолияти гурӯҳҳои  иҷтимоӣ ва қишрҳои онро дар  кишвар таъмин менамояд. Вожаи Ваҳдат барои ҳар як миллат мафҳуми муқаддасу гаронарзиш мебошад.  Дар тамоми давраҳои таърих мардуми тамаддунофари тоҷик маҳз бо ваҳдату  фарҳанги воло  бақои  худро  таъмин кардааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар  ин вожа муҳимияти  хосаро касб намуда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард. Дар ин давраи барои мардуми кишвар ҳассос ҷомеа ба гурӯҳҳо, маҳалҳо ва созмонҳо ҷудо шуда, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд.  Тавре, ки мо ҳамагон аз   саҳифаҳои таърихи гузаштагонамон огоҳ ҳастем, дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ ба мардуми тоҷик борҳо хатари парокандагию нестшавӣ таҳдид  кардааст.  Вале  бо азми қавӣ ва поктинатию мушкилнописандии фарзандони  қавииродаю ватандӯсташ  тавонистанд ҷумҳуриро  аз нобудшавӣ раҳо бахшанд ва  дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо  Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои бемисл ноил шаванд.  

Маҳз бо шарофати  ин санади муҳиму тақдирсоз  дар сар то сари мамлакат  муноқишаҳои  дохилӣ ва  муқовимати мусалаҳҳона  хотима ёфта, марҳилаи  нави гузоштани пойдевори  сулҳ, таъмини  Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос  ба эътидол овардани  фаъолияти  ҳамаи соҳаҳои  иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи  онҳо шароит фароҳам  омад. Бояд қайд кард, ки  Ваҳдати миллӣ  ҳамчун муттаҳидкунандаи миллати тоҷик имконият дод, ки дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар кардани сатҳу  сифати зиндагии  мардум, пешрафту ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам овард.

Воқеан Ваҳдати миллӣ дар қатори дигар арзишҳои  волои миллӣ Ватан-Модар, забон, дин, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ дохил мешавад.  Зеро Ваҳдати миллӣ яке аз сутунҳои  устуворию  якпорчагии  давлати ҷавони тоҷикон  ва муҳимтарин  омили пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.  Чун сухан дар бораи Ваҳдати миллӣ меравад, мо тоҷикистониён  ин санаи муҳими таърихӣ ва гардиши куллӣ дар ҳаёти рушдёфтаамонро баҳогузорӣ мекунем. Бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишвар ба оламиён   дар ҳақиқат  дорои  хиради накӯ, ахлоқи ҳамида, бофарҳангу сулҳпарвар будани хешро собит намуданд.  

Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин  дастовардест, ки дар тӯли  солҳои соҳибистиқлолӣ  ба он ноил шудем. Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ нигоҳи ҷомеа ба оянда дигар шуд.  Воқеан занони тоҷик имрӯзҳо аз хушбахттарин занони дунё мебошанд, ки аз баракати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу оромии кишвар дар соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқ  кору фаъолият дошта,  дар баробари ин ба тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстиву худогоҳӣ машғуланд.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ ҳукмфармост, он  давлат рӯз то рӯз рушду тараққӣ карда, ободу зебо  мегардад, иқтисодиёташ меафзояд, ҳам аз ҷиҳати  сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Дар охир бо якчанд мисраҳои  шеърӣ мардуми шарафманди тоҷикро  ба 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ  табрик мегӯям.

Сулҳу ваҳдат ифтихори  миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Зебо БОЗОРОВА, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg