БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБИ ҲАР ШАХС ХУДИ ӮСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади муайян намудани риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар бозору нуқтаҳои хизматрасонӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ аз ҷониби шаҳрвандон гурӯҳи таблиғотӣ дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” санҷиш ва корҳои оммафаҳмонӣ гузарониданд. Зимни санҷиш муайян шуд, ки аксари фурӯшандагону соҳибкорони бозори мазкур қоидаҳои тавсиявии табибон, аз ҷумла пӯшидани ниқоб ва дастпӯшакҳои тиббӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, худдорӣ намудан аз салом ва оғӯшгириро риоя намуда истодаанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, баъзе аз сокинон дар бозор бе ниқобҳои тиббӣ гаштугузорро идома дода, саломатии худу атрофиёнро зери хатар гузошта истодаанд. Бо ин гуна шахсон аъзои гурӯҳи таблиғотӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, таъкид доштанд, ки пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан дар бозорҳо ҳатмӣ мебошад. Тавсия дода шуд, ки пешгирии сироятӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя кардан мебошад.  Зеро  дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар рафти баргузории суҳбатҳо аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ зиёда аз 200 адад ниқоб ба таври ройгон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg