Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва бекорхобида бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Маданият, деҳаи Панҷсолаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Дар рафти суҳбат роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мӯсоев Хуршед қайд намуд,ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад.Чунки саломатии ҳар як шахс пеш аз ҳама дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад. Дар фарҷом маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои мазкур ба сокинон дастрас карда шуданд.